Ҳуқуқҳои мизоҷ
Ҳар як мизоҷи ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» ҳуқуқ дорад, ки оид ба сифати хизматрасонӣ ба бонк арзу шикоятҳ ирсол намояд. Арзу шикоятҳои Шумо барои рушди минбаъдаи фаъолияти бонк ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии Шуъбаи баррасии арзу шикоятҳои мизоҷони ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» мусоидат хоҳанд кард
Маълумот оид ба тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои истеъмолкунандагон
Тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои истеъмолкунандагон дар ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ба роҳ монда шудааст. Баррасии ҳамаи арзу шикоятҳои мизоҷон дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз ҷониби масъулини ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» баррасӣ карда мешавад
Ҳама шикоятҳо дар давоми 30 (сӣ) рӯз, вале шикоятҳое, ки омӯзиш ва санҷиши иловагиро талаб намекунанд, дар давоми 15 (понздаҳ) рӯз аз санаи бақайдгирии шикоят баррасӣ карда мешаванд. Дар ҳолатҳои истисноӣ Бонк муҳлати баррасии шикоятҳоро ба муҳлати на бештар аз 30 (сӣ) рӯзи тақвимӣ тамдид намуда, дар ин хусус муроҷиаткунандаро дар давоми 3 (се) рӯзи корӣ огоҳ менамояд
Маълумот дар барои тартиби пешниҳоди муроҷиатҳои истеъмолкунандагон, аз ҷумла мавриди шикоят қарор гирифтани амали (беамалии) кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ, бо зикри маълумот барои тамос (телефон, суроға, ному насаб) бо шахсони масъули бонк, ки ба онҳо истеъмолкунандагон барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ муроҷиат карда метавонанд
Ба арзу шикояти хаттӣ дохил мешавад:
Арзу шикояте, ки дар шакли қоғазӣ (дастӣ ё чопӣ), инчунин шахсан аз муроҷиаткунанда ва/ё тавассути почта қабул шудаанд;
Арзу шикоят тавассути почтаи электронии расмии Бонк; Ҷойгир кардани арзу шикоят дар китоби арзу шикоятҳои воҳидҳои сохтории Бонк;
Арзу шикоят дар сомонаи расмии Бонк; Арзу шикоят ва иддао дар шабакаҳои иҷтимоӣ, яъне саҳифаҳои Бонк ё дигар саҳифаҳое, ки ба онҳо Бонк номнавис шудааст;
Ба арзу шикояти шифоҳӣ дохил мешавад:
Арзу шикояти телефонӣ ба Маркази тамоси Бонк;
Арзу шикояте, ки дар рӯзҳои қабули роҳбарияти Бонк (Раиси Раёсати Бонк, директорони филиалҳо ва сардори Идораи амалиётии бонк) пешниҳод мешаванд. https://ibt.tj/contacts/golovnoy-ofis/
Бояд қайд кард, ки дар ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» сохтори алоҳидаи масъул оид ба муроҷиат (арзу шикоят)-ҳои мизоҷон: “Шуъбаи кор бо арзу шикоятҳо” фаъолият дорад.
Тартиби муроҷиат ба сохтори масъули қабул ва баррасии арзу шикоятҳои мизоҷон дар ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон»:
Шахси масъул оид ба баррасии арзу шикоятҳои мизоҷон: Тошмухамедова Нигора
Суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Бухоро, 27 (Сарбонк) Телефон: 1155 ва/ё (44) 625 77 77
Почта: Info@ibt.tj
Барои муроҷиататон сипосгузорем!
ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД
(+992 44) 625-77-77 1155
Шартҳои додани иттилоот
Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:
- бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
- барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
- сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
- суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
- ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.
Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.
Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.