Корти миллӣ

Корти низоми миллии пардохтии “Корти миллӣ” бо камтарин нархи хизматрасонӣ барои истифода дар дохили кишвар мешбинӣ шудааст.

ХУСУСИЯТҲО ВА АФЗАЛИЯТҲО

Кортҳои бонкии низоми миллии пардохтии “Корти миллӣ” - барои истифода дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, инчунин ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои вобаста ба музди меҳнат бо созмонҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият истифода мешавад.

ИТТИЛООТ ДАР БОРАИ МАҲСУЛОТ

  • Асъори пешбурди ҳисоб - сомонӣ
  • Кушодани корт - ройгон
  • Хизматрасонии солона - ройгон
  • Муҳлати эътибори корт - 5 сол
  • Имкони пайваст намудани хизматрасонии «SMS-бонкинг»
  • Шабакаи васеи қабули корт дар ҳудуди ҷумҳурӣ
  • Камтарин тарофаҳо барои амалиётҳои гирифтани пули нақд

Тарофаҳо

Барои тамоми муштариёни худ мо тарифҳои судманд ва пешниҳодҳои махсусеро аз шарикони бонк пешниҳод менамоем.

Ҳангоми фиристодани дархост Шумо Шартҳои додани иттилоотро қабул менамоед

ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД

(+992 44) 625-77-77 1155

СУПОРИШ ДОДАНИ ЗАНГИ РОЙГОН

Шартҳои додани иттилоот

Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:

  • бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
  • барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
  • сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
  • суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
  • ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.

Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.

Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.