Mastercard World Elite
Гузарномаи шахсии шумо ба ҷаҳони шукуҳу ҷалол ва имкониятҳои беназир аст. Дастрасии ройгон ба толорҳои тиҷоратии фурудгоҳҳо, истифода аз хизматрасонии афзалиятнок ва бонусҳои истисноӣ – ин ҳама барои бароҳатии Шумост, ҳар ҷо, ки бошед.
МАХСУСИЯТ ВА АФЗАЛИЯТҲО
Тибқи қоидаву хостаҳои худ зистан, имкониятҳои наву беназирро кашф кардан, бароҳат сафар намудан, ҳама ҷо меҳмони дилхоҳ будан, барои харидҳо ва пулҳои худ хавотир нашудан – ин ҳама дунёест, ки бо Mastercard World Elite бароятон кушода мешавад
Fast track
Дорандагони кортҳои премиуми Mastercard метавонанд пешакӣ гузариши афзалиятноки назорати амниятии фурудгоҳро (Fast Track) брон кунанд.
Суғурта дар вақти саёҳат
Суғурта ҷубронпулиро барои муолиҷаи тиббӣ ё ёрии таъҷилӣ ҳангоми сафар таъмин мекунад.
Дастрасӣ ба толорҳои тиҷоратии Lounge Key дар саросари ҷаҳон
Дастрасӣ ба толорҳои тиҷоратии Lounge Key дар саросари ҷаҳон 6 ташрифи ройгон дар давоми сол ба беш аз 1200 толорҳои тиҷоратии Lounge Key дар фурудгоҳҳои саросари ҷаҳон
МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МАҲСУЛОТИ БОНКӢ
- Асъори пешбурди суратҳисоб - USD/TJS/Евро/Рубл
- Муҳлати амали корт – 5 сол
- Хизматрасонии бетамос
- Имконияти пайваст намудани хизматрасонии «SMS-банкинг»
- Амалиётҳо дар шабакаи Интернет
- Имконияти пайваст намудани хизматрасонии 3DSecure
- Имконияти кор дар хориҷ аз ҶТ
- Тахфифҳо дар саросари ҷаҳон
- LoungeKey
- Хизматрасонии Fast track
- Ройгон ба Lounge Key
ТАРОФАҲО
Барои тамоми мизоҷони худ мо тарофаҳои муфид ва пешниҳодҳои вижаи шарикони худро пешниҳод менамоем.
ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД
(+992 44) 625-77-77 1155
Шартҳои додани иттилоот
Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:
- бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
- барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
- сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
- суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
- ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.
Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.
Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.