CO-BRAND

Беҳтарин роҳи ҳал барои онҳое, ки дӯстдори сайру саёҳат ва ба ин тариқ  бозёфт намудани интернет трафик ҳастанд.

ХУСУСИЯТҲО ВА АФЗАЛИЯТҲО

CO-BRAND — ин маҳсули муштараки Babilon-Mobile ва ББТ бар пояи низоми байналмилалии пардохтии Union Pay International мебошад.
  • Пардохти хизматрасониҳо бе комиссия дар саросари ҷаҳон
  • Кортро метавон дар 174 кишвари ҷаҳон истифода намуд
  • Бонки мобилии роҳату муносиб, ки тавассути он метавон зиёда аз 200 хизматрасониҳои провайдериро пардохт намуд, интиқолро анҷом дод, ба воситаи QR пардохт намуд
  • Ҳангоми фаъолсозии корт муштарӣ дар ҳаҷми 5 Гб + подош мегирад

ИТТИЛООТ ДАР БОРАИ МАҲСУЛ

  • Асъори пешбурди ҳисоб - сомонӣ
  • Муҳлати эътибори корт - 5 сол
  • Хизматрасонӣ бе тамос
  • Имкони пайваст намудани хизматрасонии «SMS-бонкинг»
  • Интернет амалиётҳо
  • Имкони кор берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарофаҳо

Барои тамоми муштариёни худ мо тарифҳои судманд ва пешниҳодҳои махсусеро аз шарикони бонк пешниҳод менамоем.

ТАРЗИ БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАН

Кортро метавон аз Маркази тамоси Babilon-Mobile ба воситаи рақами 8787 ё бо пур кардани ариза дархост намуд.

Ҳангоми фиристодани дархост Шумо Шартҳои додани иттилоотро қабул менамоед

ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД

(+992 44) 625-77-77

СУПОРИШ ДОДАНИ ЗАНГИ РОЙГОН

Шартҳои додани иттилоот

Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:

  • бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
  • барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
  • сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
  • суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
  • ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.

Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.

Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.