Visa Gold
Корти мукофотии пардохтии Visa Gold payWave барои Шумо дарҳоро ба ҷаҳони афзалиятҳо ва имконоти ҳайратангез дар кишварҳои зиёди дунё боз мекунад. Вазъу мақоми худро таъкид кунед ва сатҳи олии хизматгузориро дар саросари ҷаҳон таъмин намоед.
ХУСУСИЯТҲО ВА АФЗАЛИЯТҲО
Ба ҷаҳони афзалиятҳои Visa Gold хуш омадед. Бо Visa Gold Шумо ба туфайли пешниҳодҳо, тахфифҳо ва имтиёзҳои ҷолибу махсус имконоти наверо боз мекунед.
ОНЛАЙН-Мушовири Шумо
Дар ҳолати гум шудани корти Visa-и Шумо, мо дар маҳдуд кардани ҳисоб ва ирсоли корти муваққатӣ кумак хоҳем кард.
Эътибор дар ҳама ҷо
Худро меҳмони азизу маҳбуб эҳсос намоед. Корти Visa Gold -и Шумо дар даҳҳо миллион нуқтаҳои тиҷоратӣ дар саросари ҷаҳон қобили қабул аст.
Шабакаи банкоматҳо
Корти Visa Gold-и Шумо дар зиёда аз 2 миллион банкоматҳои ҷаҳон қабул карда мешавад.
ИТТИЛООТ ДАР БОРАИ МАҲСУЛОТ
- Асъори пешбурди ҳисоб - доллари ИМА/сомонӣ/Евро/Рубли Руси
- Муҳлати эътибори корт - 5 сол
- Хизматрасонӣ бетамос
- Имкони пайваст намудани хизматрасонии «SMS-бонкинг»
- Интернет амалиётҳо
- Имкони пайваст намудани хизматрасонии 3DSecure
- Имкони кор дар берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Тахфифҳо дар саросари ҷаҳон аз рӯи барномаи Visa
Тарофаҳо
Барои тамоми муштариёни худ мо тарифҳои судманд ва пешниҳодҳои махсусеро аз шарикони бонк пешниҳод менамоем.
ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД
(+992 44) 625-77-77 1155
Шартҳои додани иттилоот
Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:
- бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
- барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
- сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
- суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
- ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.
Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.
Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.