Қарзи автомобилии "Ҳамсафар"

  • Маблағи қарз - то 20 000 доллари ИМА ё ҳамарзиш бо асъори дигар
  • Муҳлати қарз - аз 3 то 36 моҳ
  • Асъори қарз - сомонӣ, доллари ИМА
  • Меъёри фоиз - сомонӣ 27%, доллари США 16% солона
Дархост намоед

ХУСУСИЯТҲО ВА АФЗАЛИЯТҲО

АВТОМОБИЛРО БО ШАРТҲОИ СУДМАНД ХАРИДОРӢ НАМОЕД

0%

Комиссия

Тибқи тарифҳои амалкунанда

Зуд ба расмият даровардани қарз

Қарзҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳ дода мешаванд

Шартҳои судманд

Муносибати ҷудогона ва мувофиқ ба ҳар як муштарӣ

ШАРТҲОИ ҚАРЗ

Ҳадафи қарз: Барои харидории воситаи нақлиёт
Маблағ: то 20 000 доллари ИМА ё ҳамарзиш бо сомонӣ, вале на зиёда аз 80 % маблағи автомобили харидоришаванда
Асъори қарз: Сомонӣ, доллари ИМА
Муҳлат: аз 3 то 36 моҳ
Пешпардохт: Иҷозат дода мешавад
Навъи қарз: Нақд, ғайринақдӣ
Меъёри фоиз: сомонӣ 27%, доллари США 16% солона
Тарзи пардохти қарза: Пардохтҳои аннуитетӣ (ҳар моҳ бо ҳиссаҳои баробар). Пардохти аввалия 20% аз маблағи қарз. Дар ҳолатҳои алоҳида ҷадвали замонии имтиёзноки пардохтҳо тартиб дода мешавад
Комиссия: 0%

ТАЛАБОТҲО БА ҚАРЗГИРАНДА ВА КАФИЛ

Қарзгиранда: Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Синну сол: Аз 20 то 63 сола (барои занон то 58 сола)
Ҷойи кори қарзгиранда: Кормандони муассисаҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ бо вазъи молиявии устувор
Собиқаи меҳнатии қарзгиранда дар охирин ҷойи кор: На камтар аз 6 моҳ
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
  • Нусхаи шиносномаи қарзгиранда ва кафил бо нишон додани ҷойи истиқомат;
  • Нусхаи РМА (агар дар шиноснома нишон дода нашуда бошад);
  • Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • Маълумотнома аз ҷойи кори қарзгиранда ва кафил дар бораи музди меҳнат;
  • Тасдиқи хаттии таксопарк;
  • Нусхаи шаҳодатномаи ронандагӣ;
  • Патент/Шаҳодатномаи СИ бо расидҳо (квитансияҳо) оиди пардохти андози 3 моҳи охир (барои соҳибкорони инфиродӣ).
Шартҳои махсус:
  • Барои қарзгирандагони такрорие, ки таърихи қарзии хуб доранд, дархост ба маблағи то 15000 сомонӣ бе гарав ва бе кафил мавриди баррасӣ қарор мегирад;
  • Барои қарзгирандагони такрорие, ки таърихи қарзии хуб доранд, дархост ба маблағи то 20000 сомонӣ танҳо бо як кафил мавриди баррасӣ мегирад;
  • Барои қарзгирандагоне, ки бори аввал қарз мегиранд, дархост ба маблағи то 15000 сомонӣ бо як кафил ва ба маблағи аз 15001 то 30000 сомонӣ бо ду кафил мавриди баррасӣ қарор мегирад;
  • Барои дархостҳо ба маблағи зиёда аз 30000 сомонӣ ба сифати гарав молу мулки ғайриманқул, маснуоти тиллоӣ, пасандоз, молу мулки манқул (автомобил) қабул карда мешавад.

Дархост намоед

Ирсоли дархост барои қарз

Ҳангоми фиристодани дархост Шумо Шартҳои додани иттилоотро қабул менамоед

Намунаи ҳисоби шартҳо оид ба қарз танҳо хусусияти иттилоотӣ дорад ва офертаи оммавӣ намебошад

ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД

(+992 44) 625-77-77

СУПОРИШ ДОДАНИ ЗАНГИ РОЙГОН

Шартҳои додани иттилоот

Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:

  • бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
  • барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
  • сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
  • суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
  • ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.

Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.

Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.