АФЗАЛИЯТҲОИ ҚАРЗ
Комиссия
Барои ба расмият даровардани ва гирифтани маблағи қарз комиссия 0%
Зуд ба расмият даровардани қарз
Қарзҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳ пешниҳод мешаванд
Шартҳои судманд
Муносибати инфиродӣ ва мувофиқ ба ҳар як мизоҷ
ШАРТҲОИ ҚАРЗ
Мақсади қарз: |
Барои рушди фаъолияти кишоварзӣ |
Маблағ: |
Аз 500 то 50 000 сомони е муодили он бо доллари ИМА |
Асъори қарз: | Сомонӣ, доллари ИМА |
Мӯҳлат: | То 24 моҳ |
Меъёри фоиз: |
Қарзҳо бо сомонӣ: Аз 24%-и солона Бо доллари ИМА: Аз 14% -и солона |
Комиссия: |
Барои гирифтани маблағи қарз: 0% Барои ба расмият даровардани қарз: 0% |
ТАЛАБОТҲО БА ҚАРЗГИРАНДА ВА КАФИЛ
Қарзгиранда: |
Шахсони ҳуқуқӣ, Хоҷагиҳои деҳқонӣ, Шахсоне воқеи ки ба деҳқони дар заминҳои
президентӣ, заминҳои наздиҳавлиги ва чорводори машғуланд. |
Тартиби пардохти қарз: |
Пардохтҳои аннуитетӣ (ҳар моҳ бо ҳиссаҳои баробар бо назардошти фоизҳои қарз) |
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои шахсони ҳуқуқӣ: |
Кушодани суратҳисоб барои шахсони ҳуқуқӣ дар Бонк ҳатмист; Шартномаи таъсисӣ (дар ҳолати аз як нафар зиёд будани миқдори муассисон); Нусхаи шиноснома ва фармони роҳбар ва сармуҳосиб; Нусхаи РМА-и (рақами мушаххаси андозсупоранда) роҳбар ва сармуҳосиб; Ҳисоботи молиявӣ (тавозун, ҳисоботи фоида ва зарар, ҳисоботи ҳаракати пули нақд) бо қайди мақомоти андоз ва ё эъломияи андоз барои давраи охирини ҳисоботӣ; Рӯйхати қарздориҳои дебиторӣ ва кредиторӣ; Рӯйхати воситаҳои асосӣ; Маълумотнома аз Нозироти андоз оиди надоштани қарз дар назди буҷет; Пайнавишти муассисон оиди гирифтани қарз ва ба гарав гузоштани моликияти Ҷамъият (дар ҳолати аз як нафар зиёд будани миқдори муассисон). Дар ҳолати як нафар будан розигии соҳибмулк дар асоси қарор ва ё фармон талаб карда мешавад; Иҷозатнома вобаста ба намуди фаъолият; |
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои хоҷагиҳои деҳқонӣ: |
Нусхаи шиносномаи қарзгир, зомин ва/ё аъзои оила бо нишондоди қайди ҷойи зист, нусхаи
РМА-и қарзгир, зомин ва/ё аъзои оила, ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи расмияти замин
(сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, сертификати хоҷагии деҳқонӣ, сертификати замини
президентӣ, шартномаи иҷораи замин ва ё маълумотнома аз мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатӣ. |
Шартҳои махсус: |
Ҳангоми баррасии ариза оиди муайян намудани маблағи қарзӣ, таҳлили пурраи молиявии мизоҷ
гузаронида шавад Агар дархости маблағи қарзи аз 25001 сомони зиед бошад дар таҳлили молияви тартиб додани ҳисоботи ҳаракати воситаи пули аз ҳосили гузашта ва оянда ҳатмист. Ташрифи коршиноси қарзи бо макони зист, маҳалли ҷойгиршавии қитъаи замини кишоварзи ва гирифтани аксҳои онҳо ҳатми мебошад. Маълумот оиди таърихи қарзии қарзгир, зомимон ва аъзои оила аз БҚИТ-БҚИС гирифтан ҳатмист. Агар фаъолияти мизоҷ кишоварзи растанипарвари бошад, пас қарз бо мақсади парвариши зироатҳои гуногун ба истиснои пахта, пешниҳод карда мешавад. |
|
ОНЛАЙН ДАРХОСТ
ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД
(+992 44) 625-77-77 1155
Шартҳои додани иттилоот
Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:
- бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
- барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
- сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
- суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
- ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.
Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.
Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.