Молҳо бо гирифтани қарз

  • Маблағ - то 20 000 сомонӣ
  • Муҳлат - аз 1 то 24 моҳ
  • Асъор - сомонӣ, доллари ИМА, евро ва рубли ФР
Дархост намоед

ХУСУСИЯТҲО ВА АФЗАЛИЯТҲО

Мехоҳед ба сайру саёҳат бароед, хонаатонро ҷиҳозонед, техника бихаред? Новобаста ба он, ки ба чӣ эҳтиёҷ доред, Шумо ҳамеша метавонед барои амалисозии орзӯҳои худ ба мо муроҷиат намоед.

0%

Комиссия

Тибқи тарифҳои амалкунанда

Зуд ба расмият даровардани қарз

Қарзҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳ дода мешаванд

Шартҳои судманд

Шартҳои судманд

ШАРТҲОИ ҚАРЗ

Ҳадафи қарз: Барои харидории моли зарурӣ дар рӯзгор ва ҳамчунин эҳтиёҷоти шахсӣ
Маблағ: то 20 000 сомонӣ
Муҳлат: аз 1 то 24 моҳ
Асъори қарз: Сомонӣ, доллари ИМА , евро ва рубли ФР
Пешпардохт: Иҷозат дода мешавад
Навъи қарз: Нақд, ғайринақдӣ
Тарзи пардохти қарз: Пардохтҳои аннуитетӣ (ҳар моҳ бо ҳиссаҳои баробар)
Комиссия: Тибқи тарифҳои амалкунанда

ТАЛАБОТҲО БА ҚАРЗГИРАНДА ВА КАФИЛ

Қарзгиранда: Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Синну сол: Аз 18 то 63 сола (барои занон то 58 сола)
Ҷойи кори қарзгиранда: Кормандони муассисаҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ бо вазъи молиявии устувор
Собиқаи меҳнатии қарзгиранда дар охирин ҷойи кор: На камтар аз 12 моҳ
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
  • Нусхаи шиносномаи қарзгиранда ва кафил бо нишон додани ҷойи истиқомат;
  • Нусхаи РМА (агар дар шиноснома нишон дода нашуда бошад);
  • Маълумотнома аз ҷойи кори қарзгиранда ва кафил оиди музди меҳнат;
  • Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (танҳо барои қарзгиранда);
  • Ҳисобнома-фактура аз нуқтаи савдо;
  • Расид (квитансия) оиди пешпардохт бобати мол (на камтар аз 10%).
Шартҳои махсус: Қарзгиранда бояд на камтар аз 10% нархи моли бо қарз харидоришавандаро пардохт намояд

Дархост намоед

Ирсоли дархост барои қарз

Ҳангоми фиристодани дархост Шумо Шартҳои додани иттилоотро қабул менамоед

Намунаи ҳисоби шартҳо оид ба қарз танҳо хусусияти иттилоотӣ дорад ва офертаи оммавӣ намебошад

ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД

(+992 44) 625-77-77

СУПОРИШ ДОДАНИ ЗАНГИ РОЙГОН

Шартҳои додани иттилоот

Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:

  • бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
  • барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
  • сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
  • суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
  • ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.

Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.

Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.