ҚАРЗҲО

  • Меъёри фоиз бо доллари ИМА - аз 17% солона
  • Меъёри фоиз бо сомонӣ - аз 26% солона
  • Муҳлати қарз - 24 моҳ
  • Комиссия - 0%
Шартҳои қарз

АФЗАЛИЯТҲОИ ҚАРЗ

0%

Комиссия

Барои ба расмият даровардани ва гирифтани маблағи қарз комиссия 0%

Зуд ба расмият даровардани қарз

Қарзҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳ пешниҳод мешаванд

Шартҳои судманд

Муносибати инфиродӣ ва мувофиқ ба ҳар як мизоҷ

ШАРТҲОИ ҚАРЗ

Мақсади қарз: Афзоиш додани ҳаҷми гардиши маблағ ё васеъ намудани тиҷорат
Маблағ: Барои соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи маҳдудиятҳои амалкунанда
Асъори қарз: Сомонӣ, доллари ИМА
Мӯҳлат: То 24 моҳ
Меъёри фоиз: Қарзҳо бо доллари ИМА:
19% - Барои муштариёне, ки бори аввал қарз мегиранд
17% - Барои муштариён бо таърихи қарзии мусбат
Қарзҳо бо сомонӣ:
28% - Барои муштариёне, ки бори аввал қарз мегиранд
26% - Барои муштариён бо таърихи қарзии мусбат
Комиссия: Барои гирифтани маблағи қарз: 0%
Барои ба расмият даровардани қарз: 0%

ТАЛАБОТҲО БА ҚАРЗГИРАНДА ВА КАФИЛ

Қарзгиранда: Шахсони ҳуқуқӣ (ғайридавлатӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ, ки дар мақомотҳои андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.
Тартиби пардохти қарз:
  • Пардохтҳои аннуитетӣ (ҳар моҳ бо ҳиссаҳои баробар)
  • Имконияти пешниҳоди давраи имтиёзӣ ё ҷадвали пардохти инфиродӣ.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои шахсони ҳуқуқӣ: Пешниҳоди маълумот тариқи телефон
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои соҳибкорон:
  • Нусхаи шиноснома;
  • Нусхаи РМА (агар дар шиноснома нишон дода нашуда бошад);
  • Патент ё шаҳодатнома;
  • Тасдиқномаи ҷойи фаъолияти соҳибкорӣ (масалан: шартномаи иҷораи нуқтаи савдо).
Шартҳои махсус: Барои шахсони ҳуқуқӣ кушодани суратҳисоб дар ташкилот ҳатмӣ мебошад.

ОНЛАЙН ДАРХОСТ

Ҳангоми фиристодани дархост Шумо шартҳои додани иттилоотро қабул менамоед


ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД

(+992 44) 625-77-77

СУПОРИШ ДОДАНИ ЗАНГИ РОЙГОН

Шартҳои додани иттилоот

Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:

  • бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
  • барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
  • сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
  • суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
  • ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.

Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.

Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.