Интернет бонкинг
Гузаронидани пулҳо ва идоракунии суратҳисобҳоро метавон фосилавӣ анҷом дод — доштани телефон, планшет ё компютер кофӣ мебошад.
АфзалиятҳоПреимущества
Зуд гузаронидани пулҳо
Имкони гузаронидани пулҳо аз суратҳисоб ба суратҳисоб дар дохили бонк ва бонкҳои дигар
Беруннависҳои вобаста ба суратҳисобҳо
Таърихи онлайн-амалиётҳо ва беруннависҳои вобаста ба суратҳисобҳо
Амнияти боло
Воситаҳои стандартии ҳифозати криптографии иттилоот
Тавсиф
Низоми «Интернет Муштарӣ»
Барои муштариён - навиштани ариза оиди кушодани хизматгузорӣ ва бастани шартнома кофӣ мебошад.
Низоми «Интернет Муштарӣ» барои муштарии Бонк ҳамаҷониба будани воситаҳои дастрасӣ ба суратҳисобҳои муштариро таъмин мекунад. Зимнан дастрасӣ ба низом метавонад аз дилхоҳ нуқтаи ҷаҳон ва аз дилхоҳ компютер анҷом гирад - барои ин доштани калидҳои имзои электронию рақамӣ - ИЭ ва имкони дастрасии тақсимшуда ба ҳуҷҷатҳо барои шахсони дорои ҳуқуқи имзои якум ва дуюм кофӣ мебошад, ки барои онҳо имкон медиҳад ҳуҷҷати пардохтӣ бе ҳамзамон ва ҳатман ҳузур доштани онҳо дар ҷойи муайян тасдиқ карда шавад.
ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД
(+992 44) 625-77-77 1155
Шартҳои додани иттилоот
Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:
- бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
- барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
- сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
- суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
- ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.
Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.
Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.