Лоиҳаи музди меҳнат

Лоиҳаи музди меҳнат аз ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” – ин усули боэътимод ва самарабахши ба даст овардани маблағҳои пулӣ мебошад.

ЛОИҲАИ МУЗДИ МЕҲНАТ

ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ба муштариён пешниҳод менамояд, ки аз шабакаи васеи нуқтаҳои додани маблағҳои пулии нақд истифода намоянд.

Мо шартҳои инфиродии амалисозии лоиҳаро пешниҳод менамоем, ки барои насб намудани банкомат дар ҳудуди корхона имконият фароҳам меоваранд. Ғайр аз ин, дар бонк пешниҳоди махсуси имтиёзнок барои созмонҳои буҷетӣ таҳия ва коркард шудааст.

ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” узви низоми пардохтии миллии «Корти миллӣ», низомҳои пардохтии байналмилалии Visa International ва Union Pay International мебошад. Бонк дорои пойгоҳи пурқудрат ва тавонои техникӣ, технологияҳои пешрафта ва ҳайати кормандони баландихтисос мебошад.

АФЗАЛИЯТҲО БАРОИ КОРХОНАҲО

  • Беҳсозӣ ва содда кардани кори муҳосибот;
  • Набудани зарурат барои ба амонатсозии маблағҳои пулие, ки ба кормандон дода нашудааст;
  • Зуд гузаронидани маблағҳои пулӣ ба суратҳисобҳои кортии кормандони корхона - дар худи ҳамон рӯз;
  • Ба ҳадди ақал расонидани хароҷот барои пардохти меҳнати хазинадорон, набудани мушкилоти вобаста ба дарёфт, ҳамлу нақл, нигаҳдорӣ ва додани маблағҳои пулии нақдӣ;
  • Таъмин намудани махфияти пурраи иттилоот дар бораи музди меҳнати кормандони корхона;
  • Соддаву осон будани пардохтҳо вобаста ба сафарҳои хизматӣ, кумакпулиҳои (дотатсия)-иҷтимоӣ, мукофотҳои пулӣ ва маблағҳои зери гузоришӣ – ба воситаи гузаронидани маблағҳо ба суратҳисобҳои кортии кормандон;
  • Имкони интихоби тарофаи зарурӣ;
  • Имкони интихоби навъи корти бонкӣ барои роҳбарият ва кормандон бо дарназардошти фарқиятҳо дар музди меҳнат ва вазъу мақоми мансабҳо (Visa payWave, UPI QuickPass, «Корти миллӣ»);
  • Имкони боло бурдани ҳавасмандии кории кормандони корхона аз ҳисоби истифода бурдани пешниҳодҳои қарзии Бонк.

ОНЛАЙН ДАРХОСТ

Ҳангоми фиристодани дархост Шумо шартҳои додани иттилоотро қабул менамоед


ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД

(+992 44) 625-77-77 1155

СУПОРИШ ДОДАНИ ЗАНГИ РОЙГОН

Шартҳои додани иттилоот

Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:

  • бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
  • барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
  • сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
  • суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
  • ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.

Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.

Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.