Бонки байналмилалии Тоҷикистон соҳиби рейтинги институтсионалии MFR гардид

46
Бонки байналмилалии Тоҷикистон соҳиби рейтинги институтсионалии MFR гардид

Бонки байналмилалии Тоҷикистон соҳиби рейтинги институтсионалии MFR гардид

Бонки байналмилалии Тоҷикистон аз тарафи Агентии байналмилалии рейтингии MicroFinanza Rating (Италия) бо рейтинги институтсионалӣ сарфароз гардонида шуд. Рейтинг дар ин категория ба муассисаҳои молиявии аз ҳама боэътимод дода мешавад.

Ба бонк аз тарафи ширкати мазкур баҳои баланди институтсионалии "α-" дода шуд, ки рейтинги мазкур бонкро ҳамчун ташкилоти мустаҳкам ва аз ҷиҳати молиявӣ устувор,  ки ба муносибатҳои дарозмуддат бо мизоҷон нигаронида шудааст, эътироф мекунад.

MFR баҳодиҳиашро чунин шарҳ дод: «Аъзоёни Шӯрои нозирони бонк коршиносони бахши молиявӣ буда, дар қабули қарорҳои стратегӣ иштирок мекунанд. Бонк дорои ҳайати идоракунандаи пурқувват, кормандони ботаҷриба ва  хубомӯзонидашуда мебошад. Идоракунии низомҳои иттилоотӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, аудити дохилӣ, идоракунии пули нақд, низоми назорат ҷанбаҳои мусбӣ ва тавонои бонк мебошанд. Низоми таҳлили кредитӣ (қарзӣ) дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Бонк “принсипҳои ҳифзи мизоҷон”-ро дуруст риоя мекунад».

Барои маълумот:

MicroFinanza Rating (MFR) www.mf-rating.com - Агентии рейтингии байналмиллалӣ, ширкати махсусгардонидашудаест, ки ба ташкилотҳои молиявӣ хизматрасониҳои тахассусӣ ва мустақили зерин, аз қабили: рейтинги кредитӣ, институтсионалӣ, иҷтимоӣ, сертификатсия ва ғайраро пешниҳод менамояд. Мизоҷони MFR асосан таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, бонкҳо, сармоягузорон  ва танзимгарон мебошанд.

Ба даст овардани рейтинг аз MFR бори дигар собит мекунад, ки Бонки Байналмилалии Тоҷикистон ба рушди устувор, пешниҳоди хизматрасонии боэътимод ва ба даст овардани эътимоди аҳолӣ нигаронида шудааст. Гирифтани рейтинг ҳар як нафари дастаи Бонки Байналмилалии Тоҷикистонро водор месозад, ки сифати хизматрасониро боз ҳам беҳтар намуда, раванди пешниҳоди қарз, кортҳои бонкӣ ва интиқоли пулро осон созанд.



Все новости

ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД

(+992 44) 625-77-77 1155

СУПОРИШ ДОДАНИ ЗАНГИ РОЙГОН

Шартҳои додани иттилоот

Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:

  • бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
  • барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
  • сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
  • суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
  • ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.

Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.

Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.