Интиқоли маблағ аз Тоҷикистон ба дигар кишварҳои ҷаҳон тавассути VISA DIRECT дар бонкинги мобилии IBT24.

1276

Акнун барои аз Тоҷикистон ба дигар кишвари ҷаҳон интиқол додани пул ба бонк рафтан ҳоҷат нест. Инро дар бонкинги мобилии IBT24 осон метавон иҷро кард. Шумо метавонед аз корти Визаи худ ба дилхоҳ корти дигари Визаи Осиё, ИДМ, кишварҳои араб ва Аврупо маблағ интиқол диҳед, ба истиснои ИМА ва мамлакатҳое, ки аъзои Низоми байналмилалии пардохтии Виза нестанд.

Интиқолро чӣ тавр бояд анҷом дод:

1.     Бонкинги мобилии IBT24 кушоед.

2.     Ба бахши “Пардохтҳо ва интиқолҳо” дароед.

3.     «Ба корти VISA»-ро интихоб намоед.

4.     Суратҳисоберо, ки аз он маблағ гирифта мешавад, интихоб намоед.

5.     Маълумоти қабулкунандаи маблағ (рақами корт)-ро ворид намоед.

6.     Маблағи интиқолшавандаро ворид намоед.

7.     Интиқолро тасдиқ намоед ва аллакай пул дар корти қабулкунанда аст.

Ҳамеша пеш аз равон кардан, бо мақсади он ки пул нодуруст нагузарад, маълумоти шахси қабулкунандаро бодиққат санҷед.

Дар ҳолате, ки агар Шумо корти VISA-и Бонки байналмилалии Тоҷикистонро надошта бошед, метавонед онро дар дилхоҳ дафтари кории бонк ҳамагӣ дар давоми 15 дақиқа дастрас намоед.

Кортро дар бонкинги мобилӣ пайваст намоед ва ба осонӣ пул интиқол диҳед, арзиши молу хизматрасониҳоро пардохт намоед, дар шакли кешбэк бонус бигиред.

Шумо корт кушодаед, аммо бонкинги мобилии IBT24 надоред, пас онро дар AppStore ва GooglePlay боргирӣ намуда, ҳангоми гузаштани мушаххасгардонӣ (идентификатсия) «Ман мизоҷи бонк ҳастам» - «Ман корт дорам» - «Рақами кортро ворид намоед»-ро интихоб намоед ва бонкинги мобилии Шумо фаъол мешавад.

Бонкинги мобилиро аз ин пайванд низ метавонед боргирӣ кунед: https://ibt.tj/download.php

Бонки байналмилалии Тоҷикистон.                                                  

Осон. Шаффоф. Боэътимод.

 




Все новости

ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД

(+992 44) 625-77-77 1155

СУПОРИШ ДОДАНИ ЗАНГИ РОЙГОН

Шартҳои додани иттилоот

Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:

  • бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
  • барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
  • сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
  • суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
  • ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.

Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.

Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.