30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ»
Дар Тоҷикистон соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардида, талошҳои кишвар ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва таҳкими волоияти қонун равона шудааст. Ин иқдом бо ҳадафи баланд бардоштани дараҷаи донишҳои шаҳрвандон дар бораи ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, инчунин таъмини шаффофият ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ ба тамоми қишрҳои ҷомеа роҳандозӣ гардидааст.
Яке аз ҳадафҳои асосии ин иқдом ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад, ки ба иштироки фаъолтари шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва беҳтаршавии ҳамкории онҳо бо ниҳодҳои давлатӣ мусоидат мекунад. Дар доираи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузории як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла семинарҳои таълимӣ, тренингҳо, маърӯзаҳои оммавӣ ва маъракаҳои иттилоотӣ ба нақша гирифта шудаанд. Таваҷҷуҳи хос ба насли ҷавон нигаронида шуда, ҷиҳати аз синни наврасию ҷавонӣ дар онҳо ташаккул додани фаҳмиши дурусти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ замина фароҳам меорад.
Соли 2024 дар Тоҷикистон ҳамзамон як рӯйдоди муҳим – 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ таҷлил мегардад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 қабул шудааст, асоси ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва кафили таъмини озодиву ҳуқуқҳои шаҳрвандон гардид. Он ба пойдории сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат замина гузошта, принсипҳои асосии демократия ва волоияти қонунро муайян намуд.
Қобили зикр аст, ки дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 маротиба: солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул шудааст. Аммо муқаррароти асосии он бетағйир монда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ҳифз мекунад, муносибатҳои байни шохаҳои ҳокимиятро ба танзим медарорад ва самтҳои умумии сиёсати давлатро муайян месозад.
Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон бо ҳам иртиботи зич доранд, зеро ҳарду рӯйдод ба тақвияту тавсеаи тафаккури ҳуқуқии шаҳрвандон ва такмили низоми ҳуқуқии кишвар нигаронида шудаанд.