Google Pay дар IBT: муфид, зуд, бехатар.

478
Google Pay дар IBT: муфид, зуд, бехатар.

Бонки байналмилалии Тоҷикистон бо мамнуният изҳор менамояд, ки истифода аз Google Pay-ро барои мизоҷони худ роҳандозӣ намуд. Акнун анҷом додани харид боз ҳам осон ва муфидтар гардид, барои ин фақат кофист корти Visa-и худро ба Google Pay дар IBT24 илова кунед.

Google Pay ин як хадамоти муосири пардохтӣ мебошад, ки имкон медиҳад маблағи харидҳои худро бо як расиши смартфонатон пардохт кунед. Дигар ҳамроҳ гардондани ҳамён ё дар хотир гирифтани PIN-рамзҳо ҳоҷат нест. Корти Шумо ҳамеша бо Шумо дар телефони Шумост.
Яке аз бартариҳои асосии Google Pay ин таъмини амният аст. Тафсилоти корти Шумо боэътимод ҳифз карда шуда, ба фурӯшанда дода намешавад, ки ин хатари қаллобиро хеле кам мекунад. Маблағҳои Шумо дар дастони боэътимод қарор доранд.

Бонки байналмилалии Тоҷикистон ҳамеша дар талоши он аст, ки ба мизоҷони худ беҳтарин хизматрасониҳо ва роҳҳаллҳои инноватсиониро пешниҳод намояд. Пайвастшавӣ ба Google Pay як амалиёти осонест, ки ҳамагӣ дар чанд дақиқа анҷом мешавад. Замимаро насб кунед, корти худро илова намоед ва аз ҳама бартариҳои пардохтҳои бидуни тамос баҳра баред. Google Pay-ро истифода кунед ва худ боварӣ ҳосил хоҳед кард!
Агар саволе пайдо шуд, метавонед бо телефони 11 55 ба Маркази тамоси Бонк муроҷиат кунед.

Дастурамал барои истифодаи Google Pay: https://taplink.cc/ibt





Все новости

ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД

(+992 44) 625-77-77 1155

СУПОРИШ ДОДАНИ ЗАНГИ РОЙГОН

Шартҳои додани иттилоот

Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:

  • бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
  • барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
  • сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
  • суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
  • ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.

Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.

Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.