Бонки байналмилалии Тоҷикистон маркази нави хизматрасонии худро дар ноҳияи Фархор ифтитоҳ намуд.
Бонки байналмилалии Тоҷикистон аз ифтитоҳи маркази нави хизматрасонии бонкӣ хабар медиҳад, ки ба мизоҷон доираи васеи хизматрасониҳои бонкиро дар сатҳи баланд пешниҳод менамояд. Ҳадаф аз таъсиси МХБ-и мазкур боз ҳам дастрасу муносиб гардонидани амалиёти бонкӣ барои тамоми сокинони минтақа мебошад.
Маркази нав бо технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст, ки имкон медиҳад хидматрасонии зуд ва бехатари мизоҷон таъмин карда шавад. Мизоҷон акнун имкон доранд ҳама масъалаҳои молиявиро минтақаи зисти худ ҳаллу фасл намоянд.
Маркази нави хизматрасонии Бонки байналмилалии Тоҷикистон хизматрасониҳои зеринро пешниҳод мекунад:
1. Кушодани кортҳои бонкӣ
2. Додани қарз.
3. Интиқоли пул
4. Мубодилаи асъор
5. Пайвастшавӣ ба бонкдории мобилӣ ва ғайра.
Марказ дар суроғаи: ноҳияи Фархор, кӯчаи И.Сомонӣ ҷойгир шудааст.
Маркази нав дар роҳи фароҳам овардани шароити хизматрасонии мусоид ва боэътимод барои тамоми сокинони минтақа боз як қадами устувор мебошад.