Бехатарии | IBT
Международный банк Таджикистана
  • БА ШАХСОНИ ВОҚЕӢ
  • БА ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАБАРҲО
  • ДАР БОРАИ МО
  • ТАМОС
Суроғаи терминалҳо
Шикоятҳо
  • Кортҳо
    • Visa INSOF
    • Visa Platinum Business
    • Visa Gold
    • Visa Platinum
    • Корти миллӣ
    • UPI Platinum
    • Интиқол
    • Visa Infinite
  • Бонки мобилӣ
  • Интиқоли пул
  • Қарзҳо
  • Пасандозҳо
  • Ҳуҷҷатҳо ва тарофаҳо
  • Бехатарӣ
  • Бештар...
    • Саволҳо
    • Ҷустуҷу
TJ RU EN

Бехатарии

Амнияти маълумот ва маблағҳои Шумо афзалияти мост. Дар ин ҷо Шумо маслиҳатҳо ва тавсияҳоро барои ҳифзи маблағу маълумоти шахсии худ ва истифодаи бехатари хизматрасониҳои онлайну замимаҳои мобилӣ пайдо мекунед. Бо риояи ин қоидаҳои оддӣ Шумо бо дилпурӣ метавонед ҳама гуна амалиёти молиявиро анҷом диҳед.

Бехатарии бонкинги мобилӣ

  • IBT24-ро танҳо аз манбаъҳои расмӣ зеркашӣ кунед (App Store, Google Play).
  • Аутентификатсияи дуомиларо фаъол намоед.
  • Барои таъмини бехатарии иловагӣ PIN-рамзҳои мураккаб эҷод кунед.
  • Барои муҳофизат аз замимаҳои зараровар дар дастгоҳҳои мобилӣ антивирус насб кунед.
  • Барои рафъи осебпазирӣ, ки аз ҷониби осебрасонҳо метавонад истифода шавад, мунтазам системаи оператсионӣ ва замимаҳои худро навсозӣ кунед.
  • Чӣ тавр бояд худро муҳофизат кард?

  • PIN-рамзҳо, CVV, логинҳо, паролҳо ва SMS-рамзҳоро ифшо накунед.
  • Ба суҳбатҳои шубҳанок зуд хотима диҳед ва ба рақами расмии бонк (+992 44) 625-77-77 ё рақами кӯтоҳи 1155 занг занед.
  • Паёмҳои қалбакӣ аз номи “бонк”-ро, ки аз Шумо тасдиқи транзаксияҳо ё гузаштани верификатсияро хоҳиш мекунанд, накушоед.
  • Ирсолкунандагони паёмҳо ва зангҳоро тавассути шабакаҳои расмии бонк тафтиш кунед.
  • Агар Шумо маълумоти худро ба қаллобон дода бошед, фавран ба истиноди дар SMS-паёмак нишондодашуда гузашта, ҳамаи таҷҳизотҳоро ғайрифаъол намоед ва бо рақамҳои расмӣ бо мо тамос гиред. Мо ба зудӣ барои ҳифзи маблағҳои Шумо ва пешгирии таҳдидҳо кӯмак хоҳем кард.
  • Маълумоти худро чӣ тавр бояд муҳофизат кард?

  • Маълумоти шахсиро тавассути шабакаҳои шубҳанок интиқол надиҳед.
  • Санҷед, ки ба кӣ ва ба куҷо маълумот пешниҳод мекунед.
  • Иқтибосҳои суратҳисобҳои бонкии худро мунтазам назорат кунед.
  • Барои ҳифзи маълумоти шахсӣ аз шифрбандии маълумот дар дастгоҳҳои мобилӣ ва компютерҳо истифода баред.
  • Чӣ тавр пардохтҳои худро муҳофизат кард?

  • Танҳо дар сомонаҳои боэътимод харид кунед.
  • Маълумоти кортро дар дастгоҳҳои дастраси умум ворид накунед.
  • Боварӣ ҳосил кунед, сомонае, ки Шумо аз он пардохт мекунед, ҳифзшуда аст (бо "https" оғоз мешавад).
  • Барои ҳар як транзаксия огоҳсозӣ тавассути SMS-паёмак ё замимаи мобилиро фаъол созед, то фаъолнокии шубҳанокро зуд муайян карда тавонед.
  • Барои амалиёти молиявӣ шабакаҳои ҳифозатдори Wi-Fi (аз истифодаи шабакаҳои кушодаи оммавӣ худдорӣ намоед) ва VPN истифода баред.
  • Нусхаҳои навтарини браузерҳоро бо хусусиятҳои муҳофизат аз сомонаҳои фишингӣ ва таъминоти барномавии зараровар истифода намоед.
  • Рамзҳоро чӣ гуна ҳифз бояд кард?

  • Рамзҳоро барои интернет-бонкинг мунтазам иваз кунед ва рамзҳои беназиреро гузоред, ки дар сомонаҳои дигар истифода намешаванд.
  • Барои нигоҳ доштани рамзҳои мураккаб ва беназир аз менеҷери рамзҳо истифода баред.
  • ОСОН, ШАФФОФ, БОЭЪТИМОД

    (+992 44) 625-77-77 1155

    СУПОРИШ ДОДАНИ ЗАНГИ РОЙГОН

    СУПОРИШ ДОДАНИ ЗАНГИ РОЙГОН

    Шартҳои додани иттилоот

    Ман ба Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар дархост оварда шудаанд, бо ҳама гуна тарзу равиш, аз он ҷумла тавассути шахсони сеюм, аз он ҷумла аз роҳи нусха бардоштан, нусхабардории электронӣ, бешахсиятгардонӣ, масдудкунӣ, нобуд кардан ва ҳамчунин барои коркарди зикршудаи маълумотҳои шахсии худ, ки дар натиҷаи коркарди онҳо ба даст оварда шудаанд, бо ҳадафҳои зерин ризоият медиҳам:

    • бастани шартномаи ҳамаҷониба бо Бонк;
    • барориш, хизматрасонии кортҳои бонкӣ;
    • сохтани низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсии Бонк;
    • суғурта намудани ҳаёт/ саломатӣ/ молу мулки ман ва навъҳои дигари суғурта, ки бо мусоидати Бонк ё ба фоидаи Бонк ва/ё ба сабаби бастани шартнома анҷом мегирад;
    • ва ҳамчунин бо дигар ҳадафҳое, ки бевосита ё бавосита бо барориш ва хизматрасонии кортҳои бонкӣ ва пешниҳод намудани дигар маҳсулоти Бонк ва ба ман ирсол намудани иттилоот оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои нави Бонк ва/ё контрагентҳои вай вобастаанд.

    Ман ба контрагентҳои Бонк барои коркарди тамоми маълумотҳои шахсии худ, ки дар ихтиёри/дастрасии Бонк ва/ё контрагентҳои Бонк қарор доранд, аз он ҷумла бо мақсади иттилоъ додани ман оид ба хизматрасониҳои контрагентҳо ва ҳамчунин барои коркарди маълумотҳо оид ба муштариён ва хизматрасониҳои алоқаи ба онҳо мерасонидашуда (дар ҳолате, ки агар контрагенти Бонк оператори алоқа бошад) бо мақсади баҳодиҳию арзёбии қобили пардохт будани ман дар оянда барои тасмимгирӣ оид ба барориши корти қарз ризоият медиҳам.

    Ризоияти зикршуда ба муҳлати 15 сол дода шудааст, дар ҳолати бозхондани он коркарди маълумотҳои шахсии ман тавассути Бонк ва/ё шахсони сеюм бояд қатъ гардад ва маълумотҳо ба шарти бекор кардани Шартнома ва пардохти пурраи қарз аз рӯи Шартнома дар муҳлати на дертар аз 1 (як) сол аз санаи қатъ гардидани Шартнома нобуд карда шаванд.


    Icon 2 Icon 2

    IBT 24

    Истинод ба IBT24


    Icon 2

    ОНЛАЙН ПАРДОХТҲО

    Онлайн пардохт тавассути сомонаи бонк

    Icon 3

    ОНЛАЙН-МУШОВИР

    Онлайн корманди Шумо дар бонк

    Дар бораи мо

    • Дар бораи бонк
    • Маълумотҳо (реквизитҳо)
    • Ҳисоботҳо
    • Ҷойҳои кории холӣ
    • Тамос
    • Шӯрои нозирон

    Кортҳо

    • Visa Gold
    • Visa Classic
    • Корти миллӣ
    • UPI Platinum

    Ба шахсонӣ воқеӣ

    • Кортҳо
    • Қарзҳо
    • Пасандозҳо
    • Бонки мобилӣ
    • Сандуқчаҳои сейфӣ

    Ба шахсони ҳуқуқӣ

    • ХҲХ
    • Қарзҳо барои рушди тиҷорат
    • Кафолати бонкӣ
    • Эквайринг
    • Лоиҳаи музди меҳнат
    • Интернет бонкинг

    ТАМОСҲО

    Суроғаи мо 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бухоро, 27 Рӯзи қабули шаҳрвандон аз тарафи роҳбарияти бонк Панҷшанбе аз 1400 то 1600
    E-mail info@ibt.tj Телефони боварии БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН 44 600 15 20
    Маркази тамос (+992 44) 625-77-77
    1155
    Реҷаи кори аз 08:00 то 17:00

    © 2014-2025, ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», иҷозатномаи БМТ №0000060 аз 29 феврали соли 2016